Хуш омадед ба Масир - хизматрасонии расонидани таъом ва маҳсулотҳои хӯрокворӣ, ки мо бо ифтихор дар шаҳри зебои худ Кӯлоб пешкаш мекунем. Мо як гуруҳи ташаббускорони ҳавасманд ҳастем, ки бо пешниҳоди хизматрасонии қулай ва муфид кӯшиш мекунем, ки зиндагии ҳамватанони худро каме беҳтар созем.
Вазифаи мо: Мо Масирро барои он сохтем, ки ҳар як сокини Кӯлоб имкони дастрас намудани маҳсулоти тару тоза ва хушсифатро бевосита ба хонаи худ дошта бошад. Мо боварӣ дорем, ки ғизои солим ва хизматрасонии муносиб метавонад ҳаётро беҳтар гардонад. Мақсади мо на танҳо фоидаи молиявӣ, балки сидқан хоҳиши беҳтар гардонидани шаҳру кишварамон аст. Мо ифтихор дорем, ки ба ҷомеа бо фароҳам овардани маҳсулоти босифат ва дастрас хизмат мекунем.
Беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки ба дигарон бештар фоида меоранд. (Табаронӣ).
Афзалиятҳои мо дар чист?:
- Сифати маҳсулот: Мо ба таври қатъӣ танҳо он маҳсулотеро интихоб мекунем ва мерасонем, ки худамон барои оилаҳои худ интихоб мекунем. Маҷмӯи маҳсулотҳои пешниҳодкардаи мо танҳо маҳсулотҳои муфид ва фоидаоварро дар бар мегиранд.
- Масъулият: Мо аз расонидани маҳсулоти зарарнок ва беасос гаронбаҳо даст мекашем. Мо ба таъмини саломатӣ ва некӯаҳволии мизоҷони худ диққат медиҳем.
- Муносиб: Масир ба шумо имкон медиҳад, ки вақт ва қувваи худро барои чизҳои муҳимтар - оила, кор ва истироҳат сарфа кунед. Мо кӯшиш менамоем, ки истифодаи хизматрасониямонро бароятон қулай ва гуворо созем.
Масир – шавқ, ҳавас ва хоҳиши мо барои ояндаи беҳтари ҳамаи мост. Мо мехохем, ки ҳар як сокини Кӯлоб ғамхорӣ ва диққати моро эҳсос кунад. Ташаккур барои интихоб кардани Масир!
Бо муҳаббат ва эҳтиром,
Аз тамоми коллективи Масир